Дар солим нигоҳ доштани оила ва наздикон бетараф набошед

Апрель 7, 2016 15:02

Душанбе, 7.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз наздик огоҳ шудан аз худкушии Мафтуна Раҳимова бо тифли шашмоҳааш, ки 2 апрел ба амал омад, ба ноҳияи Файзобод ва шаҳри Ваҳдат сафар намуд.
Идигул Қосимзода бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, хонаводаи Мафтуна Раҳимова ва аҳолии ин маҳаллаҳо вохӯрӣ гузаронид.
Номбурда ба сокинон муроҷиат намуда иброз дошт, ки барои арҷ гузоштан ба суннату анъанаҳои аҷдодӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ, муҳаббати самимӣ доштан ба аъзои хонавода ва мустаҳкаму солим нигоҳ доштани оилаҳои худ ва хешовандон бетараф набошанд.
Ёдовар мешавем, ки 2 апрел истиқоматкунандаи деҳаи Файзободи кўҳнаи ноҳияи Файзобод Мафтуна Раҳимова худ ва кӯдаки шашмоҳаашро ба дарёи Кофарниҳон ғарқ намуд.
Ин зан аз сабаби ҷанҷоли оилавӣ ба хонаи падараш ба шаҳри Ваҳдат кўчаи Бинокорон №-44 омада, худро бо писарчаи шашмоҳааш ба дарё партофтааст.

Апрель 7, 2016 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад