Дар Спитамен мактаби нав бунёд гардид
Душанбе, 27.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳраки Ҷомии ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мактаби нав бо маблағи 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Мактаби №32 аз як ошёнаву ҳашт синфхона иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Мактаби нав дорои шароити зарурии таҳсил, аз қабили синфхонаҳои муҷаҳҳаз, шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, ошхона ва майдони варзишӣ буда, дар он хонандагон ба маҳфили рӯзгордорӣ низ фаро гирифта мешаванд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилоят зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен дар маросими ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ иштирок намуда, зикр кард, ки дар мактаби нав на танҳо хонандагон аз шаҳраки Ҷомӣ, балки толибилмони деҳаҳои атроф низ бо истифода аз шароити мусоиди замонавӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд, — хабар доданд аз Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
-Дар ин мавзеи наздисарҳадӣ, ки асосан сокинони узбекзабон зиндагӣ мекунанд ва дар мавриди бо барномаи давлатии таълимӣ пурра фарогир будан мушкил доштанд, бунёди мактаби нав тақозои замон аст, — тақвият дод манбаъ.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






