Дар Тоҷикистон терминали нави байналмилалӣ ба истифода дода мешавад
Душанбе, 05.04.2016 /АМИТ Ховар/. Ояндаи наздик дар ғарби Тоҷикистон терминали наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ дар масоҳати 5 гектар мавриди истифода қарор дода мешавад.
Терминал дар назди дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ»- и Раёсати минтақавии гумрукии Турсунзода бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ алҳол дар марҳилаи анҷомёбист.
Терминал яке аз иншоотҳои ҷашнӣ маҳсуб ёфта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Терминали нав ба соҳибкорон шароити мусоид фароҳам меоварад, то ба расмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиётро дар муддати кӯтоҳ ва бидуни хароҷоти зиёдатӣ дар як ҷо анҷом диҳанд. Терминали байналмилалии наздисарҳадии автомобилӣ аз якчанд бино, аз қабили бинои дуошёнаи маъмурӣ барои гумрукчиён, ошхона, меҳмонхона, хобгоҳ барои ронандагон дорои 200 ҷойи хоб, анбори нигоҳдории маҳсулот, сардхона, нуқтаи таъмири мошинҳо, таваққуфгоҳ, нуқтаҳои тиббӣ, мубодилаи асъор, воситаҳои нақлиёти боркаш ва сабукрав, тарозуи рақамӣ, ҳавзи оташнишонӣ, қаҳвахона, ҳавзи шиноварӣ ва истгоҳи обтаъминкунӣ иборат аст.
Аз дафтари мутбуоти Хадамоти гумруки кишвар ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар терминали наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ ду сол қабл, аниқтараш моҳи майи соли 2014 оғоз гардида буданд.
Дар назар аст, ки дар терминал кормандони идораҳои соҳавӣ, ба мисли «Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, «Тоҷикстандарт», Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти назорати давлатии бойторӣ, Хадамоти гумрук ва Вазорати нақлиёт бо кор таъмин карда шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






