«Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» ба қабули меҳмонон омодагӣ мебинад

Апрель 15, 2016 10:27

Душанбе, 15.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Имсол 19—солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад. Дар робита ба ин дар рӯзҳои ҷашн дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят гузаронидани чорабиниҳои зиёди сиёсӣ, фарҳангию варзишӣ ва илмӣ дар назар дошта шудааст, ки бешубҳа, ба боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносӣ, дар рӯҳияи ватандорию ватанпарастӣ ва илмомӯзӣ тарбия намудани ҷавонон мусоидат менамоянд.
Дар шаҳру навоҳии вилоят баргузории фестивали байналмилалии фарҳангӣ—сайёҳии «Боми Ҷаҳон», мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ», маҳфили адабии «Диёри ваҳдатофаринам—Тоҷикистон», Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар назар аст.
Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо иштироки меҳмонони воломақоми мамлакат ва хориҷи кишвар намоиши театрикунонидашуда ва барномаи калони консертӣ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, маротибаи дуюм аст, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷлил мегардад. Бори аввал 13-солагии Ваҳдати миллӣ соли 2010 дар вилоят дар сатҳи хеле баланд ҷашн гирифта шуд.

Апрель 15, 2016 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид