Дастаи мунтахаби миллии футболро ба кӣ бовар кунем?
Душанбе, 1.04.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар ҳоле, ки баҳсҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет баъди аз вазифаашон барканор шудани масъулини тими мунтахаби кишвар, ки бо ҳунарнамоии сусташон дараҷаи футболи меҳанро то андозаи дилхоҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ карда натавонистанд, идома доранд, рӯзноманигорону коршиносон ва мухлисони футбол низ ақидаҳои худро баён медоранд.
Роҳбарияти Федератсияи футболи имрӯза барои ба натоиҷи чашмрас ноил шудан он кореро ба анҷом расониданд, ки то омадани онҳо касе аз дастандаркорони ФФТ-и собиқ накарда буд. Ба кишвари мо ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаб Олимҷон Рафиков(2011-2012, Руссия),Кемал Алиспахич(2012 ,Югославия-Босния), Никола Кавазович(2012-2013, Сербия), Мӯҳсин Муҳаммадиев(2013-2015, Русия) ва ба кумаки Мубин Эргашев(2015-2016) Роман Пилипчукро (Украина) оварданд. Аммо натиҷа тағйир наёфт. Мураббиёни дохили кишвар аз онҳо дида, ба дастоварди беҳтаре ноил шудаанд.
Шариф Назаров дар соли 2006 дастаи мунтахаби моро ба гирифтани Ҷоми даъвати КФО роҳнамун сохт ва ин нишондод аз беҳтарин комёбиҳои миллипӯшони мо ба ҳисоб меравад.
Пӯлод Қодиров, ки дар мураббигӣ таҷрибаи бою ғанӣ надошт, аз соли 2008 то 2011 дастаи мунтахабро тамрин дода, дар соли 2008 финалисти Ҷоми даъвати КФО ва соли 2010 барандаи медалҳои биринҷии ин мусобиқа гардонид.
Пӯлод Қодиров чун мураббии комёб номаш дар таърихи футболи Тоҷикистону ҷаҳон бо он боқӣ мемонад, ки соли 2006 дастаи мунтахаби ҷавонони то 17-солаи Тоҷикистонро аз гурӯҳи С-и Осиё бо ёваронаш ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон баровард ва дастаҳои мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо натиҷаи 4 бар 3 шикаст дода, аз Тунис ва Белгия бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуд ва ба бозиҳои 1/8 ниҳоӣ роҳхат гирифт ва бо дастаи мунтахаби Перу дар вақти асосӣ бозиро 1 бар 1 мусовӣ анҷом дод. Дар задани зарбаҳои пеналтӣ Перу бо ҳисоби 5 бар 4 ғалаба кард.
Барои дастаи мунтахаби мо номзади арзанда Ҳаким Фузайлов хоҳад буд, зерро нисбат ба он мураббиёни тоҷикистоние, ки ба дастаи мунтахаб омада буданд, таҷрибааш ғанитар аст. Ӯ дар дастаҳои Бухоро, Динамо-и Самарқанд, Титан-и Маскав, Локомотив-и Маскав ва Калуга, Ростовва Локомотив-и Тошканд фаъолият кардааст.
Номзади дигар метавонад Шариф Назаров бошад. Ин мураббии солдида ба футболбозони мо аз нигоҳи рӯҳӣ таъсири амиқ гузошта, бачаҳоро барои ғалаба рӯҳбаланд карда метавонад. Мисоли ин ғолибият дар бозиҳои Ҷоми даъвати КФО аст.
Боқӣ дар ФФТ шахсоне нишастаанд, ки футболро аз ҳама беҳтар медонанду дарк мекунанд. Барои мо шахсе зарур аст, ки футболи моро аз қаър ба берун кашад. Аз ин ҳам мо шод мешавему ҳам мухлисони футбол.








ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






