Ду медали биринҷӣ аз Филиппин
Душанбе, 29.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи интихобии Осиё оид ба таэквондо WTF барои пайдо кардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Рио, ки дар пойтахти Филиппин- шаҳри Манила ба анҷом расид, ду нафар варзишгарони мамлакат ба гирифтани медалҳои биринҷӣ муваффақ шуданд.
Дар ин вохӯриҳо дар қатори 100 варзишгар аз 36 кишвари Осиё чаҳор варзишгар Фарҳод Неъматов (-80 кг), Алишер Гулов (+80 кг), Моҳрӯ Ҳалимова (+67 кг) ва Фарзона Раҷабова (+49 кг) аз Тоҷикистон ширкат доштанд.
Моҳрӯ Ҳалимова дар сабқати занон дар вазни беш аз 67 кило ба медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн Сом Сивмей аз Таиланд барандаи медали тилло дониста шуд ва бо соҳиби ҷои дуввум Кирсти Алора аз Филиппин ба Бозиҳои олимпии Рио де Жанейро меравад.
Медали дувуми Тоҷикистонро Алишер Гулов ба даст овард. Дар ин вазн Киао Сен аз Чин ва Руслан Ҷапаров аз Қазоқистон роҳхати Бозиҳои олимпиро соҳиб шуданд.
Ба ҳамин тартиб, дар мусобиқоти интихобӣ дар Филиппин танҳо мардону заноне, ки ҷойҳои 1-2-юмро комёб шуданд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ гардиданд. Таэквондочиёни тоҷик дар ин намуд аз охирин имконияти худ истифода карда натавонистанд ва аз роҳхатҳо ба Олимпиадаи Рио-2016 маҳрум шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






