Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн» дар Мӯъминобод
Мӯъминобод, 23.04.2016 /АМИТ «Ховар» /. Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории фестивали ҷумҳуриявии либосҳои миллӣ таҳти унвони «Ҷилваи ҳусн» идома дорад. Дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҳунармандон ҳунари чеварии хешро ба маърази намоиш гузоштанд. Дар он дар баробари шаҳрвандони маркази ноҳия сокинони деҳоти дурдаст низ фаъолона иштирок карда, нақшу нигори қадимӣ ва миллиро пешниҳоди ҳайати ҳакамон гардониданд.
Тарроҳони ҷавон аз баргузории озмуни мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории чунин озмунҳоро дар ташвиқу тарғиби либосҳои миллӣ хуб арзёбӣ карданд. Дар ҷамъбасти озмун барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди либосҳои миллӣ ба тарроҳон туҳфаҳои шуъбаи кор бо занон ва оила ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод тақдим гардиданд.








Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд






