Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн» дар Мӯъминобод

Апрель 23, 2016 10:41

Мӯъминобод, 23.04.2016  /АМИТ  «Ховар» /.  Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории фестивали ҷумҳуриявии либосҳои миллӣ таҳти унвони «Ҷилваи ҳусн» идома дорад. Дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон  ҳунармандон ҳунари чеварии хешро ба маърази намоиш гузоштанд. Дар он дар баробари шаҳрвандони маркази ноҳия сокинони деҳоти дурдаст низ фаъолона иштирок карда, нақшу нигори қадимӣ ва миллиро пешниҳоди ҳайати ҳакамон гардониданд.
Тарроҳони ҷавон аз баргузории озмуни мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории чунин озмунҳоро дар ташвиқу тарғиби либосҳои миллӣ хуб арзёбӣ карданд.  Дар ҷамъбасти озмун барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди либосҳои миллӣ ба  тарроҳон туҳфаҳои шуъбаи кор бо занон ва оила ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод тақдим гардиданд.

Апрель 23, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд