Гулистон: боздиди наздик ба 300 сайёҳи хориҷӣ аз соҳили “Баҳри тоҷик”
Гулистон, 28.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз соҳаҳое, ки дар шаҳри барқчиёни вилояти Суғд- Гулистон, воқеъ дар соҳили “Баҳри тоҷик” тӯли солҳои охир рушд кардааст, ин соҳаи туризм ба ҳисоб меравад. Танҳо даромади маблағ аз ташрифи сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ дар семоҳаи аввали соли равон 6,1 млн. сомониро ташкил додааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, дар шаҳр ва истироҳатгоҳҳои он дар лаби “Баҳри тоҷик” тамоми имкониятҳо барои истироҳату табобати меҳмонону сайёҳон фароҳам оварда шудаанд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки теъдоди меҳмонони ташрифоваранда барои истироҳату табобат ба ин шаҳри сайёҳии тоҷик рӯз то рӯз меафзояд.
Танҳо дар давоми се моҳи аввали соли равон ба минтақаҳои истироҳатию фароғатии Гулистоншаҳр 6520 нафар, аз ҷумла 257 нафар хориҷиён ташриф оварданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 594 нафар зиёд мебошад.
Бояд хотиррасон шуд, ки осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил» ва урдугоҳи «Шоҳин», ки дар соҳили хушманзараи “Баҳри тоҷик” ҷойгиранд, дар як вақт имкони қабули беш аз ҳазор истироҳаткунандаву табобатгирандаро доранд. Ҳамчунин чор меҳмонхонаи замонавии дар ин минтақа ҷойгирбуда низ имкони дар як вақт қабули наздик ба сад нафар меҳмонро доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






