Иди китоб дар Гулистон
Гулистон. 5.04.2016. /АМИТ Ховар/. Дар шаҳри барқчиёни шимоли кишвар-Гулистон тӯли ду рӯз аст, ки дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон Иди китоб ҷараён дорад.
Тавре ки ба АМИТ Ховар масъули Хадамоти матбуотии шаҳри Гулистон Рустами Одизода иттилоъ дод, дирӯз толори китобхонаи бачагонаи бахши фарҳанги шаҳр намуди идона дошт.
Ташкили намоиши китобҳои нав ва рўзномаю маҷаллаҳои тозанашр, шиору овезаҳо аз панду ҳикматҳои хирадмандону бузургони сухан дар ситоиши дурдонаи гаронбаҳокитоб ба оғози ҳафтаи Фестивали китоби кўдакону наврасон ҳусну шаҳомати тоза бахшид.
Дар чорабинӣ масъулин аз сохторҳои дахлдор иштирок намуда, оид ба дилбастагии тоҷикон ба шеъру шоирӣ, эҳтиром ба китобу китобхонӣ, мақом ва манзалати он чун сарчашмаи илму дониш ҳарф зада, иштирокдоронро ба мутолиа ва омӯзиши бештари асарҳои пурмазмуну пурғановати адибони классику муосири форсу тоҷик даъват намуданд.
Хонандагони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ва ҳаваскорони санъат таҳти унвони «Китоб оинаи зиндагӣ» намоиши адабию фарҳангӣ пешниҳод намуданд.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






