«Ҳикояи беҳтарин» ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар Суғд

Апрель 27, 2016 15:18

Душанбе, 27.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар ҷодаи наср озмуни вилоятии «Ҳикояи беҳтарин»-ро эълон намудааст. Яке аз шартҳои озмун  интишори ҳикояҳои пешниҳодшаванда   дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ва  маҷаллаи «Паёми Суғд»  мебошад.
Дар озмун қаламкашони ҷавон (то 30-сола)  ҳунар варзида,  интихоби мавзӯъ озод аст. Озмун аз моҳи сентябри соли 2015 оғоз ёфта, моҳи августи соли 2016 дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун барои ҷои  аввал  2 000 сомонӣ, дуюм 1500  сомонӣ  ва  сеюм 1000   сомонӣ мукофот хоҳанд гирифт.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Апрель 27, 2016 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд