Имкониятҳои сармоягузории ҶФО ба соҳибкорони Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Апрель 1, 2016 16:15

Душанбе, 1.04.2016. (АМИТ «Ховар»). «Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ таъсис ва рушди фаъолияти муштарак ба ҳисоб меравад. Дар доираи фаъолияти корхонаҳои муштарак мо метавонем лоиҳаҳои сармоягузории самтҳои гуногунро татбиқ намоем»,-гуфт директори генералии КВД «Тоҷинвест»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Забирзода Некрӯй зимни мизи мудаввари соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид.
Мақсади баргузории чорабинии мазкур таҳкими ҳамкории судманди тиҷоратӣ байни ду кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дарёфти шарикон буд.
Дитер Халер, сардори раёсати иқтисодии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон имкониятҳои сармоягузории ҶФО-ро муаррифӣ кард.
Дар мизи мудаввар зикр гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти сармоягузорӣ сол то сол таҳким меёбад.
Дар давраи солҳои 2007 то 2015 аз ҷониби сармоягузории ҶФО ба иқтисодиёти ҶТ 166,7 млн. доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст. Аз ин маблағ 6,7 млн. доллар сармоягузориҳои мустақим ва 160,0 млн. долларро қарзҳои корхонаву ташкилоти ҷалбгардида ташкил медиҳанд.
Аз ҳисоби кумаки давлати Олмон дар 10 соли охир дар ҷумҳурӣ 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 65,3 млн. доллари ИМА ва 178 лоиҳаи кумаки беруна ба маблағи 152,3 млн. доллари амрикоӣ татбиқ гардиданд, ки аз тарафи 7 агентии давлати Олмон маблағгузорӣ шудаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Олмон дар соли 2015 -45,3 млн.доллари ИМА-ро ташкил дода, дар муқоиса бо соли 2014 -118 фоизро ташкил медиҳад.
Дар доираи мизи мудаввар бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории судманди тиҷоратӣ нишастҳои дуҷониба байни соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд.
Таҳияи Лайло Тоирӣ

Апрель 1, 2016 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид