Кӯчаи 25- солагии Истиқлолият дар Хуҷанд

Апрель 28, 2016 11:56

Душанбе, 28.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд  иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид.  Рӯзномаи  кори иҷлосия   бо   баррасии   9 масъала тасдиқ гардида,  яке аз масъалаҳои он  марбут ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофии ҳудуди шаҳр буд.  Аз рӯи ин масъала Кибриё Ҷўраева, мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, котиби комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофии шаҳри Хуҷанд  сухан гуфт.
Кибриё Ҷўраева пешниҳоди омоданамудаи   комиссияро  дар бораи 25- солагии Истиқлолият номгузорӣ намудани  яке аз кӯчаҳои навбунёди маҳаллаи Чашмаи арзана,  ки  то имрӯз  номгузорӣ нагардида буд,  мавриди  баррасии вакилон қарор дода, зикр намуд, ки ин пешниҳод дар асоси муроҷиати сокинони кӯчаи мазкур ба миён омадааст. Вакилон якдилона барои тасдиқи ин пешниҳод овоз доданд.

Апрель 28, 2016 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд