Конибодом: Ғолиби даври шаҳрии фестивали «Либосҳои миллӣ» муайян шуд
Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Даври шаҳрии фестивали «Либосҳои миллӣ» дар шаҳри Конибодом доир шуд.
Озмун дар литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр баргузор гардида, тарроҳони беҳтарин маҳсули меҳнати худро нишон доданд. Шартҳои озмун аз рӯи намоиши 5 намуди либосҳои миллӣ- беҳтарин либоси кӯдакона, беҳтарин либоси рӯзмарра, беҳтарин либоси расмӣ, беҳтарин либоси идона ва беҳтарин либоси қадимии миллӣ иборат буд, ки дар он 8 нафар тарроҳ аз ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ширкат варзиданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тарроҳи ҷавон Дилафрӯз Акбарова (аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон) ғолиби фестивал — озмун дониста шуд. Ҷои дуюм насиби Дилором Собирова (аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон) гардида, мавқеи сеюмро Муқаддас Мардонова (аз ҳудуди шаҳр) ишғол намуд.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Нодира Мирзозода диплом ва туҳфаҳои хотиравиро ба ғолибон ва иштирокдорони фаъол супорид.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






