“Корвони саломатӣ” дар хизмати мардуми Хатлон

Апрель 9, 2016 10:47

Душанбе, 9.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Тӯли чанд сол аст, ки дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар «Корвони саломатӣ” роҳандозӣ гардидааст, ки мақсади он беҳдошт ва ҳифзи тандурустии сокинони минтақа, аз ҷумла бошандагони мавзеъҳои дурдасти ноҳияҳои кӯҳистон маҳсуб меёбад.

Табибони  «Корвони саломатӣ”, ки аслан аз ҳисоби табибони баландихтисосу соҳибтаҷриба иборатанд, ҳазорон сокинони  дурдасти деҳоти Дашти Ҷуми ноҳияи ба номи Шамсиддин Шоҳин, деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг  ва деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлонро аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ба онҳо тавсияву маслиҳатҳо доданд ва нафарони ниёзмандро ба таври ройгон ҷарроҳӣ  намуданд.

Чанде пеш “Корвони саломатӣ” ба ноҳияи Данғара сафар намуда, тай ду рӯз зиёда аз 3 ҳазор сокини маркази ноҳия ва деҳоти онро аз ташхис гузаронданд.

“Корвони саломатӣ” натанҳо ба сокинони минтақаҳои дурдасти ноҳияҳои кӯҳистон, инчунин ба ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Муъминобод ва Темурмалик сафар намуда, ба садҳо эҳтиёҷмандон кумак намуданд,- иттилоъ дод мовини сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Мирзоалӣ Миралиев.

Апрель 9, 2016 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд