Котиби генералии СААД ба Душанбе ташриф овард
Душанбе, 18.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ Николай Бордюжа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Бино ба иттилои котиби матбуоти СААД Владимир Зайнетдинов, Котиби генералии СААД дар ифтитоҳи нахустин машқҳои муштараки қувваҳо ва васоити иктишофии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои СААД «Ҷустуҷӯ-2016», ки 18-22 апрел дар машқгоҳҳои «Мағоб» ва «Лоҳур»-и атрофи Душанбе оғоз мегарданд, иштирок мекунад.
Зимни боздид Николай Бордюжа нақша дорад, ки бо роҳбарияти олии сиёсӣ ва ҳарбии Тоҷикистон мулоқот намуда, вазъият дар минтақаи Осиёи Марказии амнияти дастаҷамъиро бо назардошти таъсири омили Афғонистон баррасӣ намояд.
Ӯ ҳамчунин дар бораи омодагӣ ба ҷаласаи мақомоти оинномавии СААД — Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амният, ки моҳҳои июн-июл дар шаҳри Ереван ба нақша гирифта шудаанд, иттилоъ хоҳад дод.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






