Куҳистони Мастчоҳ ва Истиқлол нақшаи даъватро пурра иҷро карданд
Душанбе, 02.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Дар асоси фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», аз 1-уми апрели соли 2016 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Дар нахустин рўзи ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва баъдан Истиқлоли вилояти Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати мудофиа ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Қобили зикр аст, ки дар баробари даъвати ҷавонписарони аз 18 то 27 солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин тибқи талаботи ин фармон ва мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2016 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.
Илова бар ин, раисони шаҳру ноҳияҳо бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ барои амалӣ намудани муқаррароти моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000, №30 «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъвати мутташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
Бояд тазаккур дод, ки шумораи ҷавонони сину соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин ба масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват имконият медиҳад, ки аз байни онҳо беҳтаринҳо ҷудо карда шаванд. Зеро натиҷаҳои чорабиниҳои даъватӣ ба вазъи омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ таъсири бевосита мерасонад. Аз ин сабаб масъулини даъват кушиш мекунанд, ки танҳо ҷавонони солиму бардам ва болаёқат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






