Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад…
Душанбе, 30.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 2-3 майи соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон обу ҳавои номусоид ва боронҳои шадид дар назар аст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боришоти аз ҳад зиёд метавонад боиси фаромадани ярч, сел, сангрезиҳо ва баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо гардад.
Бинобар ин, КҲФ ва МГ ҶТ ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар муроҷиат менамояд, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба манотиқи хатарнок ва осебпазир худдорӣ намоянд. Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ҳангоми анҷом додани корҳои хоҷагидорӣ ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳо ҳушёр бошанд.
Тибқи амри сардори КҲФ ва МГ ҶТ Рустам Назарзода, дар ин давра ҳамаи ситодҳои КҲФ ба ҳолати пурзӯри хизмати гузаронида мешаванд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






