Лоиҳаи нави Бонки ҷаҳонӣ ба тасвиб расид
Душанбе, 5.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Шӯрои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузориро дар ҳаҷми 10 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Лоиҳаи бақайдгирии амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон ба тасвиб расонид.
Лоиҳаи мазкур ҷорӣ намудани низоми ягонаи бақайдгирии амволи ғайриманқулро ҷиҳати беҳсозии кафолати ҳуқуқҳои заминдорӣ ва мусоидат ба рушди бозори амвол дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.
Дар давоми зиёда аз даҳ сол Бонки ҷаҳонӣ ислоҳоти заминро дар Тоҷикистон тавассути пешниҳоди шаҳодатномаҳои истифодабарии замин барои хоҷагиҳои хонагӣ дастгирӣ менамояд,- зикр намуд намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверз Картер.
Лоиҳаи нав низоми боэътимод, шаффоф ва самараноки бақайдгирии заминро барпо намуда, барои ҳифзи ҳуқуқи амвол мусоидат мекунад, ки худ иқдоми муҳим дар самти рушди бозори замонавии амвол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар доираи ин лоиҳа бахшҳои рушди низоми бақайдгирии амволи ғайриманқул дар саросари кишвар бо истифодаи расмиёти самаранок, низом ва захираҳои инсонӣ, таҳияи қарор ҷиҳати ташкилдиҳӣ ва ба шакли рақамӣ даровардани ҳуҷҷату маълумоти дар низоми давлатӣ дастрасбуда ва ташкили системаҳо маблағгузорӣ мегарданд.
Таҳкимдиҳии хизматрасонии бақайдгирӣ ҷиҳати кам кардани хароҷот ва баланд бардоштани самаранокӣ низ ба рушди бозори амвол мусоидат мекунад, зеро дар сурати бақайдгирӣ амнияти бештари муомилот таъмин мегардад, теъдоди бештари шаҳрвандон ва субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ барои хариду фурӯш майл хоҳанд намуд.
Корхонаи воҳиди давлатии Бақайдгирии амволи ғайриманқул лоиҳаро дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2016 то октябри соли 2020 татбиқ хоҳад намуд. Сандуқи фаъоли Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 24 лоиҳа иборат аст, ки маблағи умумии онҳо 405 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Лоиҳаҳои мазкур ба дастгирии афзоиши иқтисодӣ аз ҳисоби рушди бахши хусусӣ дар баробари сармоягузорӣ ба беҳтар намудани хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона шудаанд.








Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад






