Маҳкумшавӣ барои суиқасди иштирок дар амалиёти ҷангии давлати хориҷӣ
Душанбе, 25.04.2016/АМИТ«Ховар»/. Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи мақомоти мазкур парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Хушватов Насим Саймуҳиддинович аз рӯи моддаи 32, қисми 3 ва моддаи 401, эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Н.С. Хушватов барои он айбдор гардид, ки соли 2015 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия қарор доштанаш, тахминан аввалҳои моҳи октябри соли 2015 бо писари тағояш -Заробиддини Иброҳим Раҳматуллозода, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи ҷамъиятии интернетии Телеграмма бо дигар аъзои гурӯҳи террористӣ бо номҳои Ахи ва Мусаб мукотиба намуда, даъвати онҳоро оид ба иштирок дар гурӯҳи экстремистӣ-террористии Давлати Исломӣ қабул ва ҷонибдорӣ намудааст.
Номбурда 3 феврали соли равон бо мақсади узви ин гурӯҳи террористӣ шудан ва дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия иштирок намудан тавассути хатсайри Маскав- Истанбул ба давлати Туркия парвоз карданӣ мешавад. Дар ин ҳангом Н.С. Хушватов аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии Федератсияи Русия дастгир гардидааст.
Бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2016 Н.С. Хушвахтов дар содир намудани ҷинояти мазкур гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 6 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми сахт таъйин гардид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






