Мақомоти Франсия Салоҳ Абдуисломро расман ба терроризм айбдор кард

Апрель 28, 2016 11:47

Душанбе, 28.04.2016 / АМИТ «Ховар» /. Мақомоти Франсия   Салоҳ Абдуисломро, ки аз Белгия бо дархости Париж истирдод шуд, расман ба терроризм айбдор кард. Дар ин бора ҳимоятгари ӯ Франк Бертон иттилоъ дод,- хабар медиҳад ТАСС.
Салоҳ  Абдуислом 18 март дар натиҷаи як амалиёти муштараки хадамоти махсуси Франсия ва Белгия дар Брюссел боздошт шуд. Дар Франсия ӯ гумонбари асосии ҳамлаҳои террористии 13 ноябри соли 2015 мебошад. Силсилаи ҳамлаҳои террористӣ дар Париж ва атрофи пойтахт-Сен Дени содир карда шуданд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар умум 130 нафар нобуд гардида, наздики 350 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ба гуфтаи муфаттишони Франсия дар омода намудани ин ҳамлаҳо Салоҳ  Абдуислом нақши асосиро иҷро намуд ва шахсан он рӯз дар Париж буд. Ба ғайр аз ин, тибқи баъзе маълумот Салоҳ Абдуислом  яке аз маргталабон буд ва бояд  камарбанди таркандаро дар якҷоягӣ бо террористони дигар ба кор медаровард, вале дар охирин лаҳза фикри худро тағйир дод.

Апрель 28, 2016 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд