Маҳсулоти кишоварзӣ: нархи бозорро қурби асъори хориҷӣ муайян мекунад ё савдогарон?

Апрель 2, 2016 11:34

Душанбе, 02.04.2016 (АМИТ «Ховар»). Вақтҳои охир аз сабаби болоравии асъори хориҷӣ дар бозорҳои кишвар низ нархи маҳсулот боло рафт. Ҳангоме ки ба бозор ворид мешавед, фурӯшандаҳо гарон будани нархи маҳсулотро ба болоравии қурби асъори хориҷӣ вобаста медонанд. Ҳол он ки маҳсулоти кишоварзии зиёде ҳастанд, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд. Сабаб чист, ки нархи маҳсулоти аввалияи ниёзи мардум ҳоло ҳам ба танзим надаромадааст? Барои таҳқиқи ин мавзӯъ, яъне фаҳмидани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳо аз чанд бозори шаҳри Душанбе дидан кардем ва инак бардошти худро пешниҳоди шумо мегардонем.

Сараввал шурӯъ намудем аз КВД «Бозори Деҳқон».  Қабл аз суҳбат бо масъулин ва фурӯшандаҳои бозор нархи маҳсулоти бозорро мавриди таҳқиқ қарор додем. Дар бозори мазкур фурӯши сабзавот, хусусан помидору бодиринг таваҷҷуҳи моро зиёд ҷалб кард, зеро дар як гӯшаи бозори мазкур нархи помидорро ба таври яклухт 7,5 сомонӣ мегуфтанд, дар дигар тарафи бозор савдогарон онро ба таври чакана 10 сомонӣ мефурӯхтанд. Нархи бодиринги яклухт ба гуфтаи онҳо 6,5 дирам ва чакана 10 сомониро ташкил медод. Аммо мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар бозорҳои хурди маҳаллаҳо нархи ин сабзавот ҳатто аз 14 то 16 сомонӣ будааст.

Фирӯза Кабирова, ки ба фурӯхтани сабзавот дар КВД «Бозори деҳқон» машғул аст, мегӯяд, ки аз ҳама бозори арзон дар пойтахт ин бозори мазкур аст, зеро дар он маҳсулот аз дасти аввал ба фурӯш бароварда мешавад. Ба гуфтаи номбурда шаҳрвандон ҳам ба бозори мазкур, яъне «Бозори деҳқон» таваҷҷуҳи зиёд доранду аз ҳар гӯшаву канори пойтахт ба хотири арзон буданаш барои хариди маҳсулот  меоянд.  Инчунин ӯ илова намуд: «Мо дар 2 метр ҷой ба фурӯши сабзавот машғул ҳастем. Аз сабаби арзон будани чиниши яквақтаи бозор маҳсулотамонро бо нархи арзон дастраси мардум мегардонем. Масалан ҳар рӯз 2 сомонӣ чиниши яквақта ва ҳар моҳ 102 сомонӣ андоз месупорем. Ба таври чакана  помидор 7,5 сомонӣ ва бодиринг 6,50 сомонӣ аст».

Сармуҳосиби КВД «Бозори деҳқон» Саидмурод Шарифов дар робита ба нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори мазкур гуфт, ки  нархгузорӣ дар бозори онҳо ҳамарӯза аз тарафи маъмурияти корхона назорат карда мешавад. Ба гуфтаи ӯ аз сабабе, ки маҳсулоти кишоварзӣ аз дасти аввал, яъне деҳқонон фурӯхта мешавад, нисбат ба дигар бозорҳо арзонтар аст. Ӯ илова намуд, ки фурӯшандаҳои дигар бозорҳо омада, аз ин ҷо бо нархи арзон маҳсулот дастрас мекунанд ва онро бо нархи қимат мефурӯшанд. Ин дар ҳолест, ки аксар фурӯшандаҳои КВД «Бозори деҳқон» аз худи ҳамон бозор маҳсулотро бо нархи арзон мехаридаанду дар як гӯшаи дигари  бозор гарон  мефурӯхтаанд.

Инчунин Саидмурод Шарифов гуфт, ки: «Бинобар сабабе ки ҳоло  помидору бодиринги ватанӣ кам истеҳсол шуда истодааст ва он аз хориҷи кишвар ворид мегардад, аз ҳамин сабаб нархашон каме гарон аст. Баъди пурра воридшавии помидору бодиринги ватанӣ ба бозорҳои кишвар нарх ба танзим дароварда мешавад».  Аммо ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи аксар савдогарон помидору бодиринги ба фурӯш баровардааашон аз гармхонаҳои кишвар аст.

Харидоре, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, КВД «Бозори деҳқон» нисбат ба дигар бозорҳо арзонтар аст. Аз ҳамин лиҳоз онҳо маҳсулоти аввалияи кишоварзии  ниёзи мардумро аз бозори мазкур дастрас менамояд. Ӯ, ки худ боз дар бозори хурди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба савдо машғул будааст, аз бозори деҳқон харидорӣ карда бо илова намудани 1-2 сомонӣ онро ба фурӯш мегузорад. Ӯ мегӯяд: «Мо ҳам маблағи муайяншудаи андоз, партов, чиниши яквақтаи ҳаррӯзаи бозор ва дигар хароҷотро месупорем, мардум фикри моро ҳам кунанд. Имрӯз ҳамаи харидорон аз мо шикоят мекунанд. Ҳол он ки қурби доллар баланд асту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳола ҳам кам ба назар мерасад».

Гарчанде ки бо харидорон ҳамсуҳбат мешудем, аммо онҳо аз гуфтани номашон худдорӣ мекарданд. Харидори дигаре, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, ки имрӯзҳо ба ҳар бозор ё мағоза равӣ, сабаби гарон будани маҳсулотро аз болоравии қурби асъори хориҷӣ арзёбӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд: «Наход сабзавот, аз ҷумла сабзаҷот, картошка, пиёз, сабзӣ, помидор,  бодиринг, умуман маҳсулоти кишоварзии ниёзи аввалияи мардумро аз хориҷи кишвар ворид кунанд? Бар замми ин  бо қурби асъори хориҷӣ. Қурби асъори хориҷиву воридоти маҳсулоти кишоварзии беруна баҳона шуда наметавонад».

Ба ҳамагон маълум аст, ки деҳқонон ҳеҷ вақт бо нархи қимат ба савдогарони бозорнишин маҳсулот намефурӯшанд. Мо намегӯем, ки онҳо чӣ гунае аз деҳқонон дастрас мекунанд, бо ҳамон нарх ба мардум фурӯшанд, танҳо хоҳиш дорем аз рӯйи инсофу виҷдон фурӯшанд. На ин ки 10 бандча сабзаҷотро бо нархи 1 сомонӣ аз деҳқонон харида, 2 бандчаи онро ба мардум 1 сомонӣ фурӯшанд. Ё ин ки помидору бодирингро ба таври чакана аз 6 то 7 сомонӣ дастрас намоянду як баробар ба болои он монда, то 14-16 сомонӣ фурӯшанд» .

Сипас рӯ ҷониби КВД «Бозори Саховат» овардем, то бубинем вазъи нархи маҳсулот  дар ин бозор чӣ гуна аст. Чун ҳамешагӣ сараввал бо нархи маҳсулот ошно гардидем. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар назди маҳсулоти ба фурӯш баровардаи савдогарон нархномаи муайян гузошта шудааст. Аммо барои боз ҳам дақиқтар намудани нархи маҳсулот аз якеаш нархи помидору бодирингро пурсон шудем. Дар ҷавоб 12 сомонӣ гуфт. Ҳол он ки дар нархномаи  муайяншудаи назди маҳсулоташ аз 8 то 10 сомонӣ навишта шуда буд. Дар натиҷа маълум гардид, ки навиштаҷоти нархномаи онҳо танҳо ба хотири талаботи роҳбарияти бозори мазкур будааст, на дар амал.  Аз фурӯшандае, ки нархи помидору бодирингро 12 сомонӣ гуфт, сабаби гаронии сабзавотро пурсон шудем. Ҳарчанд нахост номаш ифшо шавад, аммо зикр кард, ки: «Мо помидору бодирингро ба тариқи чакана  аз «Бозори деҳқон» 9 сомонӣ мехарем. Аз ҳамин сабаб то 12 сомонӣ мефурӯшем. Аз саҳар то бегоҳ дар бозор мешинем, ҳамин қадар намонем, пас дар ин бозор шиштани мо чӣ фоида доштааст».

Ин дар ҳолест, ки масъулин ва фурӯшандаҳои КВД «Бозори деҳқон» нархи яклухти помидору бодирингро аз 6,50 то 7,50 дирам арзёбӣ намуда буданд.

Барои дарёфти посухи суоли он, ки чаро дар «Бозори саховат» нархнома дар назди маҳсулоти савдогарон дигар асту бо дигар нархҳо мефурӯшанд, Сайфулло Амонов, директори КВД «Бозори Саховат» мегӯяд, ки ҳамарӯза аз ҷониби маъмурияти бозор нархи 32 номгӯй маҳсулоти ниёзи аввал мавриди омӯзиш қарор дода мешавад ва  вобаста ба тамоюли баландшавии  маҳсулот аз ҷониби маъмурият тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳоло дар «Бозори Саховат» аз сабабе, ки истеҳсоли картошкаву пиёз дар кишвар афзудааст, нархи он нисбат ба соли гузашта арзонтар аст.  Масалан 1 кг картошка аз 1,5  то 1,8 сомонӣ, пиёз аз 1,3 то 1,8 сомонӣ аст.  Нархи помидору бодиринг аз 8 то 10 сомонӣ мебошад.

Аммо мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар бозори мазкур дастрас намудани помидору бодиринг бо нархи 8 сомонӣ  ғайриимкон аст. Савдогарон кадом нархеро, ки мехостанд, мегуфтанд.

Дар натиҷаи мушоҳидаҳо маълум гардид, ки нархи маҳсулоти кишоварзии аввалияи ниёзи мардум ҳоло ҳам дар бозор ба танзим дароварда нашудааст, зеро аксар харидорон аз гарон будани маҳсулот шикоят доштанд. Яке даъвои гаронии сабзавот мекард, дигаре меваҷотро мисол меовард. Чаро нархҳо қиматанд, ҳол он ки рӯз аз рӯз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беҳтар гардида истодааст, — мегуфтанд харидорон.

Аммо масъулини КВД «Бозори деҳқон» ва КВД «Бозори Саховат» сабаби гаронии маҳсулоти хӯроквориро баланд будани қурби асъори хориҷӣ ва воридоти он аз хориҷи кишвар арзёбӣ намуданд.  Фурӯшандаҳо баланд будани нархи маҳсулотро ба супоридани андоз ва дигар хароҷоти бозор рабт  медоданд.

Қазовати мавзӯи матраҳгардида пешниҳоди шумост, хонандагони арҷманд.

 

Таҳияи Моҳинави Наврӯз

Апрель 2, 2016 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири дастуру супоришҳо, нақшаву пешниҳодҳо ва стратегияву ҳисобот мебошад
Омӯзиши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ уфуқҳои наву фарогиртареро ба рӯи хонандаи тоҷик боз мегардонад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» ба татбиқи усулҳои нави инноватсионӣ дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна мусоидат менамояд
МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Дастгоҳҳои барқии маиширо дар хона чӣ тавр бояд истифода намуд?
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои ҳидояткунанда ба рушду зиндагии шоиста мавқеи меҳварӣ доранд
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Чӣ гуна бояд аз он истифода барем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард дар зимистон эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро коҳиш медиҳад
Соли 2025 дар низоми ҳамлу нақли байналмилалӣ баъзе дигаргуниҳо ба амал меоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
ҚИМАТТАРИН ГАНҶИНАИ САРЗАМИНИ ПУРГАНҶ
Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар рушди тафаккури техникии насли наврас мақоми хосса дорад