РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ИЛТИҲОБИ ШУШ. Ин беморӣ дар фасли сармо бештар хурӯҷ мекунад
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории илтиҳоби шуш маҳсуб мешавад. Ба ин беморӣ нафароне гирифтор мешаванд, ки имунитеташон суст мебошад.
Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, илтиҳоби шуш аз бемориҳои вобаста ба сирояти шадиди роҳи нафас буда, дар ҳолати сари вақт табобат накардан боиси осеб дидани шуш мешавад.
Нишонаҳои ин беморӣ баландшавии ҳарорати бадан, дард дар қафаси сина, зиёдшавии дард ҳангоми нафаскашӣ, сулфаи хушк, пастшавии иштиҳо, беҳолӣ ва нафастангӣ мебошанд.
Омили асосии гирифторӣ ба ин беморӣ агар иммунитети суст бошад, сабаби дигар гарму хунук шудани бадан мебошад, ки боиси хуруҷи микробҳои барангезандаи ин беморӣ мешаванд. Ин микробҳо дар ҳолати вайрон шудани таносуби гармию сардӣ авҷ мегиранд ва боиси пайдоиши ҳар гуна бемориҳо мешаванд. Инчунин асабонияти зиёд, беэҳтиётӣ дар вақти гирифтор шудан ба бемории зуком боиси он мегардад, ки ин микробҳо ба барангезандаи беморӣ табдил меёбанд.
Тибқи таҳлили мутахассисони соҳаи тиб, ба ин беморӣ бештар кӯдакон гирифтор мешаванд.
Сабаби асосии ин беморӣ, ки тақрибан 60-70 фисадро ташкил медиҳад, аз зуком сарчашма мегирад. Дар ҳолати гирифторӣ ба зуком агар нисбат ба саломатӣ беэҳтиётӣ зоҳир гардад, ин беморӣ авҷ мегирад.
Ба таъкиди табибон, дар ҳолати табобати худсарона ва ё беэҳтиётӣ нисбат ба ин беморӣ дар шуши инсон ковокӣ пайдо мешавад. Ин омил инсонро ба бемории пневмонияи фасодӣ оварда мерасонад. Дар ин ҳолат аз даҳони бемор оҳиста-оҳиста хун хориҷ мешавад, ки ин оризаи шадиди илтиҳоби шуш мебошад. Дар ин ҳолат бояд зуд ба табиб муроҷиат намуд.
Бояд гуфт, ки ба гурӯҳи хатарнок кӯдакони то дусола, калонсолони аз 65-сола боло, занони ҳомиладор, ҳамчунин беморони дорои масунияти пасти бадан, бемориҳои музмини роҳи нафас ва дилу рагҳои хунгард дохил мешаванд.
Ба тавсияи мутахассисон, ба ҳар бемор реҷаи бистарӣ кардан ҳатмӣ буда, истеъмоли хӯрокҳои серғизо тавсия дода мешавад. Аз сабабе, ки ин беморӣ дар фасли сармо бештар хурӯҷ мекунад, мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки худро аз сардиҳои зимистон эхтиёт намоед, хӯрокҳои серғизо истеъмол ва аз нӯшидани обҳои хунук худдорӣ намоед. Агар аломатҳои ин беморӣ дар бадани худатон ё наздиконатон ба мушоҳида расид, сари вақт ба мутахассисон муроҷиат намоед.
АКС аз манбаъҳои боз








РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
ҲИФЗУ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛОТИИ КӮДАКОН ДАР ДУНЁИ РАҚАМӢ. Чӣ гуна амнияти иттилоотии онҳоро таъмин намоем?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Истифодаи оқилонаи он барои рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон имконоти нав фароҳам меорад
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






