Мактаббачагони тоҷикободӣ дар бинои нав таҳсил мекунанд

Апрель 2, 2016 08:53

Душанбе, 2.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Дар деҳаи «Сабзазор»-и ҷамоати деҳоти «Лангаришоҳ»-и ноҳияи Тоҷикобод  бинои нави муассисаи таҳсилоти умумӣ №-15 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Барои бунёди бинои ин мактаб, ки дорои панҷ синфхона ва дафтари омӯзгорон мебошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷопон ба маблағи умумии 99,391 доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гардид.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Тоҷикобод аз ҷониби хеш бинои нави мактабро бо таҷҳизоти омӯзишӣ, аз қабили мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ муҷаҳҳаз гардонид.
Ю. Ишикава, роҳбари бахши матбуотии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ин ноҳия дар маросими муваффақона анҷом ёфтани лоиҳаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ(GGP) иштирок карда, зикр намуд, ки лоиҳаҳои барномаи кумакҳои бебозгашти Ҷопон тавассути рушди соҳаи маориф, беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ чӣ дар ноҳияҳои дурдаст ва чӣ дар маҳалҳои сераҳолӣ, ба беҳтар гаштани зиндагии мардум мусоидат менамоянд. Инчунин лоиҳаҳои мазкур барои вусъат бахшидан ба равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон нақши муҳим мебозанд.
Бояд зикр намуд, ки зз соли 1996 то инҷониб кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 352 лоиҳаро ба маблағи умумии $28,5миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудаанд.

Апрель 2, 2016 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид