Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Кувайт
Душанбе, 06.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе нахустин машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баргузор шуданд. Дар ин машваратҳо ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Кувайтро Муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Алӣ Сулаймон Ас-Саид роҳбарӣ намуданд.
Зимни машваратҳо, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтанд, ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва гуманитарӣ, таҳкими пояҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.
Нақшаи иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар арсаҳои мазкур, баргузории музокиротҳо дар сутӯҳи олию баланд ва ҷалби сармоягузориҳои Кувайт дар татбиқи тарҳҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зерсохтории Тоҷикистон мувофиқа шуд.
Ҳамчунин, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва абзорҳои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилона табодули назар карда шуд.








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






