«Мо ҳам кӯҳи хороем, девори Бухороем»-оғози конфронс дар Агентии хизмати давлатӣ
Душанбе, 22.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Таҳти суруди ватанпарастонаи «Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд» як гурӯҳ парчамбардорон вориди толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият, ободӣ, озодӣ, Ваҳдат, виҷдону одамгарӣ ба конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ зери унвони «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии таъсиси Агентии хизмати давлатӣ бахшида шудааст, оғоз бахшиданд.
Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов иштирокдоронро бо ин санаҳои таърихӣ табрик гуфта, иброз намуд, ки: «Дар ин рӯз доир гардидани ин ҳамоиши илмӣ бесабаб нест, зеро 22 апрели соли 2002 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ишора карда буданд. Бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мавқеи хизматчиёни давлатӣ дар ҷомеа, интизому савияи дониши онҳо, таҷрибаи кордониву касбиашон, интихоби кадрҳои боистеъдоди ба манфиатҳои мардум содиқ, ба як низоми муайян овардани сохтори идораҳои мамлакат Идораи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва ин мақоми навтаъсисро зарур аст, ки ҳарчӣ зудтар ба ҳалли мушкилоти мавҷуда машғул шуда, ба таҳкими ин самт таваҷҷуҳ зоҳир намояд».
Ҷумъа Давлатов ҳадафи ташкили конфронсро дар фароҳам овардани замина барои таҳқиқи масъалаҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, рушди хизмати давлатии муосири Тоҷикистон ва таъмини идоракунии самаранок, таҳлили вазъи имрӯзаи хизмати давлатии кишвар, аз ҷумла масоили татбиқи технологияҳои кадрӣ дар мақомоти давлатӣ, ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ, пешгирии коррупсия дар хизмати давлатӣ, инчунин табодули таҷриба дар самти омӯзиши пажӯҳиши соҳаи хизмати давлатӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи он арзёбӣ намуд.
Дар ҳамоиши илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки намояндагони мақомоти марбута, вазорату кумитаҳои кишвар, олимону коршиносон ва собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ иштирок доранд, масъалаҳои ташаккул ва рушди соҳаи хизмати давлатӣ, танзими ҳуқуқии фаъолияти хизмати давлатӣ, дастовардҳои ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дурнамои рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Кори конфронс имрӯз идома меёбад ва аз ҷараёни он шуморо огоҳ хоҳем кард.













Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






