Мо дастгирӣ меёбем!

Апрель 28, 2016 10:55

Душанбе, 28.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Ҷавонон дар ҳама давру замон насли ояндасоз ба ҳисоб мераванд. Барои тарбия ва дуруст ба камол расидани онҳо шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад. Ҷавонони ояндасози тоҷик низ барои саҳм гузоштан дар пешрафту инкишофи давлат пайваста талош намуда, аз ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбарияти олии сиёсии кишвар бархурдор мебошанд.
Тавре огоҳем, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳои хеш ба масъалаи ҷавонон бевосита тавваҷҷуҳ намуда, таъкид медоранд, ки ҷавонони имрӯза бояд дорои донишҳои наву замонавӣ, босавод ва аз илмҳои дунявӣ бохабар бошанд. Дар замони муосир аз технологияи навин истифода баранд. Дар ин баробар забони модарӣ ва ду забони хориҷиро аз худ намоянд.
Дарвоқеъ, таъкидҳои Роҳбари давлат саривақтӣ ва айни муддао мебошанд, зеро “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” гуфтаанд. Имрӯз ҷавонони тоҷик таъкидҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, барои аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ҷаҳду талош меварзанд. Ин аст, ки бисёре аз ҷавонон дар баробари забони тоҷикӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона суҳбат мекунанд.
Дар кишвари мо ҷавонон қисми бештари аҳолиро ташкил медиҳанд. Бинобар ин барои эмин нигоҳ доштани онҳо аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ ташкили курсҳои гуногуни забономӯзӣ ва касбомӯзӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар ин замина бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе ҳамасола курсҳои кутоҳмуддати ройгонро барои ҷавонони лаёқатманд ташкил менамояд. Дар ин курсҳо инчунин ҷавононе, ки имконияти хондан дар курсҳои пулакиро надоранд, ҷалб карда мешаванд. Марказ курси забонҳои русӣ, англисӣ ва компютериро ба роҳ мондааст.
Қобили зикр аст, ки дар замони муосир баргузории чунин курсҳо бо иштироки устодони ботаҷриба барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз истиқлолият таъсири мусбат мерасонад, зеро танҳо ҷавонони дорои дониши баланд метавонанд дар ҷомеа ҳамчун фарди босавод фаъолият карда, барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон саҳми боризи худро гузоранд.
Ҳамчун як ҷавони даврони соҳиистиқлолӣ ба он боварам, ки ҷавонони имрӯза бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда, вақти қимати хешро ба хондани китоб ва аз бар намудани илм сарф намоянд, то  дар оянда ҳамчун инсони комил барои ҷомеа коре карда бошанд. Инчунин ба наслҳои минбаъда тарбия ва таълим дода тавонанд. Бояд зикр намуд, ки албатта, ҷомеа бе мушкилӣ намешавад ва дар бештари ҳолат аз ин мушкилиҳо ҷавонон осеб мебинанд. Аммо бо бовар метавон гуфт, ки ин мушкилиҳои ҷузъӣ бартараф хоҳанд шуд.
Аз ин рӯ, мо ҷавонон бештар ба китобхонӣ рӯ оварда, аз Китобхонаи боҳашамати миллӣ, ки имрӯз на ҳамаи ҷавонон ба он ҷо мераванд, бояд истифода намоем.
Дар ин баробар мо ҷавонон аз фарҳангу тамаддун ва анъанаҳои миллии хеш бештар огоҳӣ пайдо карда, дар бедор кардани ҳисси миллию ватанпарастии дигарон саҳм гузошта бошем.
Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвар қарор дода, то имрӯз тамоми шароити зарурӣ барои мо ҷавонон муҳайё гардидааст.
Барои муҳайё гардидани чунин шароит ҳамчун як тан ҷавони даврони соҳибистиқлолӣ минатдории бевоситаи хешро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, ваъда медиҳам, ки бо баҳои хубу аъло донишгоҳро хатм карда, номи давлат ва миллатро баланд мебардорам.

Ҳусейн Қурбонов,
донишҷӯи курси сеюми
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
ба номи М. Осимӣ

Апрель 28, 2016 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад