Муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон
Душанбе, 1.04.2016 (НИАТ «Ховар»). Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов имрӯз вазири федералии корҳои хориҷии Олмон ФранкВалтер Штайнмайерро ба ҳузур пазируфт.
Вазири федералии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ФранкВалтер Штайнмайер дар доираи сафари расмиаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи ҳамкории тарафайн, аз қабили масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Олмон, аз ҷумла дар самтҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, обу энергетика, илму фарҳанг, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва инчунин дурнамои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ин замина, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, хоссатан оид ба вазъи Афғонистон ва роҷеъ ба дигар масъалаҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Пас аз фарҷоми мулоқот, нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар ҷараёни он вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Олмон дар назди васоити ахбори омма оид ба натиҷаҳои мулоқот, аз ҷумла доир ба муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар ояндаи наздик ва дурнамо, мусоидат ба рушд ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, рушди минбаъдаи тамосҳои сиёсӣ, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ, амнияти минтақа, аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризм ва тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Аврупо, масъалаҳои амниятии вобаста ба вазъият дар Афғонистон ва инчунин ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) маълумот манзур намуданд.








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






