Мулоқоти Директори АМИТ «Ховар» бо роҳбари Дафтари Авруосиёи «Синхуа»
Душанбе, 27.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Директори Агентии миллии иттилоотии «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқ бо директори Дафтари Авруосиёи Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Фан Вейго, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҳарду ҷониб доир ба масоили таҳкими ҳамкории иттилоотӣ табодули афкор намуданд.
С. Сиддиқ меҳмононро бо АМИТ «Ховар» шинос намуда, зикр кард, ки ҳамкорӣ миёни агентиҳои расмии иттилоотии ду кишвари дӯст дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки соли равон 25 солагии он таҷлил мегардад, оғоз ва рушд ёфт.
Фан Вейго оид ба платформаи «Роҳи абрешими Синхуа» барои расонидани иттилооти иқтисодӣ, ки аз ҷониби АИ «Синхуа» барои кишварҳои дар масири камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим – «Як камарбанд – як роҳ» воқеъбуда таъсис дода шудааст, маълумот дод.
Ҷонибҳо ҳамчунин зикр намуданд, ки АМИТ «Ховар» ва АИ «Синхуа» ҳамчун сохторҳои муҳими иттилоотии Тоҷикистону Чин дорои заминаи мусоид барои густариши ҳамкорӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории амалӣ бо мақсади таъмини иттилооти расмӣ ба Тоҷикистону Чин, кишварҳо ва манотиқи дар масири «Як камарбанд – як роҳ» воқеъбуда мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки АИ «Синхуа» яке аз бузургтарин агентиҳои иттилоотии ҷаҳон мебошад. Он соли 1931 ҳамчун «Агентии иттилооти сурхи Чин» таъсис ёфта, аз соли 1937 инҷониб номи кунуниашро дорад. АИ «Синхуа» дорои 170 нуқта дар тамоми ҷаҳон, 31 дафтар дар ҳудуди ҶМЧ ва як зумра дафтарҳо дар дигар манотиқи ҷаҳон мебошад. Беш аз 30 рӯзномаву маҷалла нашр мекунад. АИ «Синхуа» расман ба сохтори Ҳукумати ҶМЧ шомил мебошад.








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






