Мулоқоти вакилони Парлумон дар ДДХ
Душанбе, 29.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдуҷаббор Ахмедов ва Гулбаҳор Назирӣ баргузор шуд. Тавре аз ДДХ хабар доданд, ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов зикр намуд, ки 22 майи соли равон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Мувофиқи пешниҳод зиёда аз 40 тағйиру илова ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар маҷмӯъ, арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шахс, фарогири идомаи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошанд. Устодони донишгоҳ тибқи нақшаи чорабиниҳо беш аз 1 моҳ инҷониб дар тамоми шаҳру навоҳӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мулоқоту ҷамъомадҳо мегузаронанд. Чунин вохӯриҳо дар оянда низ давом хоҳанд ёфт.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ роҷеъ ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун) андешаронӣ намуда, аз ҷумла зикр сохтанд, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд.
Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад ва он дар рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






