Намоишгоҳи байналмилалии масолеҳи сохтмонӣ дар Душанбе

Апрель 28, 2016 14:35

Душанбе, 28.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати намоишгоҳии «Тоҷ ЭКСПО» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и ш. Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ (International Exhibition of Building and Decorating materials) баргузор гардид.
Намоишгоҳи мазкурро  муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Манзура Рустамова  ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки: «Хусусияти асосии ин намоишгоҳ дар он аст, ки он на танҳо ҳолати рушди соҳаҳои сохтмониро дар шароити ҳозиразамон иникос менамояд, балки ояндаи рушди ҳамкории мутақобиларо дар доираи васеи ҷаҳонӣ муайян менамояд».
Инчунин номбурда зикр  кард, ки «Дар кишварамон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ: Суғд, Данғара, Панҷ ва Ишкошим  фаъолият мекунанд, ки бо истифода аз имтиёзҳои муқарраргардидаи онҳо шумо метавонед ҳамкорӣ намоед».
Ёдовар мешавем, ки  дар  намоишгоҳ 35 ширкати сохтмонӣ аз кишварҳои Олмон, Италия, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Украина, Туркия ва чандин кишварҳои дигар молҳои худро ба намоиш гузоштаанд.
Намоишгоҳи мазкур имрӯз оғоз гардида, то 30 апрел идома меёбад.

Апрель 28, 2016 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид