Намунаи беҳтарини дӯстӣ миёни кишварҳои ҳамсарҳад
Душанбе, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Расо 20 сол қабл аз ин, миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишнома «Оид ба таҳкими боварӣ дар бахшҳои ҳарбии ноҳияҳои наздисарҳадӣ» ба тасвиб расид, ки минбаъд Созишномаи мазкур ба муносибати байнидавлатии кишварҳои минтақа таҳаввулоти куллӣ ворид намуда, ба таъсис додани Созмони Ҳамкории Шанхай таъсири бевосита расонидааст.
26 – уми апрели соли 1996 роҳбарони панҷ кишвар — Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Чин дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баъд аз мулоқоту гуфтушунидҳо Созишнома «Оид ба таҳкими боварӣ дар бахшҳои ҳарбии ноҳияҳои наздисарҳадии «Панҷгонаи Шанхай» миёни кишварҳои панҷгонаро имзо карданд. Бо гузашти як сол аз ин ҳодиса, 24-уми апрели соли 1997 дар шаҳри Маскав роҳбарони кишварҳои Панҷгона зимни мулоқоти навбатӣ санади нав — Созишнома «Оид ба ихтисори қувваҳои мусаллаҳи тарафайн дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ»-ро ба тасвиб расониданд. Дар асоси ин Созишнома аз хати аввали марзҳои давлатии кишварҳои Панҷгона тамоми таҷҳизоти вазнини ҷангӣ, аз ҷумлаи танку тӯпҳо ва дигар муҳимоти ҳарбӣ, инчунин шумораи зиёди аскарону афсарон ба масофаи зиёда аз 100 км дур аз сарҳад интиқол дода шуданд. Чунин Созишнома миёни панҷ кишвари алоҳида дар таърих камназир аст, аммо бо вуҷуди надоштани таҷрибаи кофӣ ҷонибҳо тавонистанд дар асоси боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар дар кӯтоҳтарин муддат бандҳои Созишномаро иҷро кунанд. Созишномаҳои ба имзорасида мусоидат бар ин карданд, ки баҳсҳои таърихӣ ва марзии даҳсолаҳо (аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) боқимонда ба тариқи гуфтушунидҳо ва бо роҳи осоишта бартараф гардиданд. Дар ҳудуд ва марзҳои давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин сарҳадҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойи хавфу хатари эҳтимоли сар задани муноқишаҳои сарҳадӣ ва задухӯрдҳои хунин, таҳдиду нобовариро амну субот, осоиштагӣ ва бовариву эътимод ба ҳамдигар абадан иваз карданд. Ба ибораи дигар бо шарофати имзо шудани ин ду Созишномаи таърихӣ хатти сарҳади давлатӣ ба дарозии зиёда аз 7 ҳазор километр аз минтақаи мамнӯи ҳарбӣ ба майдони дӯстӣ, ҳамкорӣ ва рушди тиҷорату иқтисод, беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони кишварҳои минтақа мубаддал гашт.
Мебояд таъкид намуд, ки созишномаҳо «Оид ба таҳкими боварӣ дар бахшҳои ҳарбии ноҳияҳои наздисарҳадӣ» ва «Оид ба ихтисори қувваҳои мусаллаҳи тарафайн дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ» барои таъсис ёфтани «Панҷгонаи Шанхай» заминаи воқеӣ гузоштанд. Дар навбати худ «Панҷгонаи Шанхай» давоми панҷ соли минбаъдаи фаъолияти худ (аз соли 1996 то соли 2001) барои дар арсаи байналмилалӣ пайдо шудани созмони нави минтақавӣ — Созмони Ҳамкории Шанхай нақши муҳими таърихиро бозидааст.
Эътимоди сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои амниятӣ миёни кишварҳои узви СҲШ марҳала ба марҳала таҳким ёфта, робитаҳои тиҷоратӣ рӯз ба рӯз бештару беҳтар мегарданд. Созишномаҳои таърихии «Панҷгонаи Шанхай» ҳамчун намунаи беҳтарини муносибатҳои неку дӯстона миёни кишварҳои ҳамсарҳад баҳогузорӣ шудаанд.








КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
КОНСТИТУТСИЯ–САНАДИ КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид






