Наврасону ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ ҷалб мешаванд
Душанбе, 11.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Дар китобхонаи марказии ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак семинари омӯзишии китобдорон таҳти унвони-«Нақши китобхона ва китобдор дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ба воситаи китоб» баргузор гардид.
Семинар бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба китобу китобхона, тарғибу ташвиқи мероси гаронмояи фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои тозаи илмӣ-техникӣ дар байни онҳо, тарбияи ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас гузаронида шуд.
Тавре ки Тӯтинисо Юсупова, роҳбари Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин иттилоъ дод, дар давраи омӯзишӣ 40 нафар китобдорони китобхонаи марказӣ ва мудирони китобхонаҳои деҳоту шаҳри Норак ширкат варзиданд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






