Ниммарафон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Душанбе, 16.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Имрӯз ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Мусобиқа миёни мардон бо ғолибияти Кибого Вилсон, варзишгари кениягӣ ва миёни занон бо пирӯзии Даря Маслова, варзишгари Қирғизистон ба анҷом расид. Бояд зикр кард, ки дар ниммарафон, ки пеш аз зуҳри имрӯз баргузор шуд, ҷойи дуюм миёни мардон насиби варзишгари узбекистонӣ Андрей Петров ва ҷойи сеюм насиби Иван Бабарика аз Украина гардид.
Ҷойи чорумро Ҳасан Ғафуров, варзишгари Тоҷикистон, ҷойи панҷумро Алтат Иматов аз Қазоқистон ва ҷойи шашумро Владислав Мамедов аз Узбекистон соҳиб шуданд.
Миёни занҳо ҷойи якумро Даря Маслова, аз Қирғизистон, ҷойи дуюмро Гулжанат Жанатбек аз Қазоқистон ва ҷойи сеюмро Олга Котовская аз Украина гирифтанд. Зинаҳои 4,5,6 насиби варзишгарзанони Қирғизистон, Кения ва Узбекистон гардиданд.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






