Ниммарафон ба муносибати Рӯзи пойтахт

Апрель 16, 2016 15:27

Душанбе, 16.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Имрӯз ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор  шуд.

Мусобиқа  миёни мардон бо ғолибияти Кибого Вилсон, варзишгари кениягӣ ва миёни занон бо пирӯзии Даря Маслова, варзишгари Қирғизистон ба анҷом расид.  Бояд зикр кард, ки  дар ниммарафон, ки пеш аз зуҳри имрӯз  баргузор шуд, ҷойи дуюм миёни мардон насиби варзишгари узбекистонӣ Андрей Петров ва ҷойи сеюм насиби Иван Бабарика аз Украина гардид.

IMG_1950Ҷойи чорумро Ҳасан Ғафуров, варзишгари Тоҷикистон, ҷойи панҷумро Алтат Иматов аз Қазоқистон ва ҷойи шашумро Владислав Мамедов аз Узбекистон соҳиб шуданд.

Миёни занҳо ҷойи якумро Даря Маслова, аз Қирғизистон, ҷойи дуюмро Гулжанат Жанатбек аз Қазоқистон ва ҷойи сеюмро Олга Котовская аз Украина гирифтанд. Зинаҳои 4,5,6 насиби варзишгарзанони Қирғизистон, Кения ва Узбекистон гардиданд.

Апрель 16, 2016 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад