Низоми кредитӣ- омили баланд шудани сифати таҳсил
Хуҷанд, 27.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) конфронси илмию методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми кредитии таҳсилот: ҳолат, муаммоҳо ва роҳҳои инкишоф» доир шуд.
Конфронс кори худро дар бахшҳои вобаста ба масоили таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар доир ба ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот, методикаи таълим дар шароити низоми кредитии таҳсилот, таҷрибаомузӣ ва роҳҳои такмили он дар шароити низоми мазкур, рушди шуъбаи ғоибона ва ҷорӣ намудани низоми фосилавӣ дар муаасисаҳои таҳсилоти олии кишвар гузаронид. Дар бахшҳо зиёда аз 70 маърӯзаи илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба масъалаҳои муаммо ва мушкилоти низоми кредитии таҳсилот, назорати сатҳ ва сифати донишазхудкунии донишҷӯён, роҳу усулҳои беҳдошти сифати таълим, аҳамияти низоми кредитӣ дар воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот баррасӣ шуданд.
Ректори ДДҲБСТ профессор Ҷ.Ҷӯрабоев баргузории ҳамоиши бонуфузи ҷумҳуриявиро дар донишгоҳ пурсамар арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки рӯй овардан ба дастовардҳо ва муаммоҳои дар ин самт ҷойдошта шароити мусоидеро барои табодули афкору таҷриба фароҳам меорад.
Дар раванди баргузории ҳамоиш дар толори бинои таълимии №2-и донишгоҳ барои меҳмонон рӯнамоӣ ва муаррифии дастовардҳои таълимию методии донишгоҳ дар раванди амалӣ намудани низоми кредитии таҳсилот, аз қабили таълифоти илмию методии олимони донишгоҳ, китобу монографияҳо, комплексҳои таълимию методӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, маркази тестӣ, татбиқи барномаи СКАРТ (системаи коркарди автоматикунонидашудаи раванди таълим), самтҳои фаъолияти инноватсионӣ, Парки технологӣ, идораи раванди таълим, сифати таҳсилот ва сохторҳои марбут ба раванди низоми кредитии таҳсилот роҳандозӣ гардиданд.
Дар ин бора аз ДДҲБСТ хабар доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






