Номзадии роҳбари Барномаи рушди СММ ба мансаби Дабири кулли ин созмон пешбарӣ шуд
Душанбе, 05.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Барномаи рушди СММ, собиқ Сарвазири Зеландияи Нав Ҳелен Кларк 8-умин номзад ба мансаби Дабири кулли СММ гардид. Мактуб оид ба пешбарии номзадии Кларк ба раисони Ассамблеяи генералӣ ва Шӯрои амнияти СММ фиристода шуд. Дар ин бора РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.
Ҳ. Кларк аз соли 2009 ин ҷониб Барномаи рушди СММ-ро роҳбарӣ мекунад. Аз соли 1999 то соли 2008 ӯ ҳукумати Зеландияи Навро сарварӣ менамуд.
Ҳамчунин ба мансаби Дабири кулли СММ собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Молдова Наталя Герман, мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова, собиқ президенти Словения Данило Турк, вазири корҳои хориҷии Черногория Игор Лукич, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Хорватия Весна Пусич, собиқ раиси Ассамблеяи генералии СММ ва дипломати Македония Сржан Керим ва собиқ сарвазири Португалия Антонио Гутеррес номзадии худро пешбарӣ кардаанд.
Ҷойгузини дабири кулли кунунии СММ — собиқ сарвазири Кореяи Ҷанубӣ Пан Ги Мун бояд аз 1-уми январи соли 2017 ба кори худ шурӯъ кунад. Ҳафтаи оянда, 12-14 апрел аъзои Ассамблеяи генералии СММ бо номзадҳои расман ба мансаби Дабири кулли созмон пешбаришуда нахустин мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом хоҳанд дод.








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






