Оғози Ҷаласаи XI Форуми Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе

Апрель 28, 2016 10:37

Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Имрӯз дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе Ҷаласаи XI Форуми Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори худ шурӯъ кард. Ҳамоиши мазкур яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сиёсию таҳлилии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ мебошад.
Ҷаласа бо Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт, ки онро Азамшо Шарифӣ, Ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои хориҷӣ ба самъи иштирокдорон расонид.
Дар ҳамоиш 120 намоянда аз 20 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд.
Форуми СҲШ ниҳоди таҳлилӣ ва коршиносии ин созмон буда, бори дуввум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Вазифа ва ҳадафи ҳамоиш таҳлили амиқи самтҳои асосии фаъолияти ниҳоди мазкур, таҳия ва пешниҳоди маводи босалоҳияти коршиносӣ, пешбинии масъалаҳо, имкониятҳои рушди созмон ва таъмини таҳлилию иттилоотии фаъолияти он мебошад. Яъне, Форуми СҲШ марказ ва мағзи таҳлилии ин созмон буда, заминаи таҳлили коршиносии ҳар як қарори қабулшаванда дар доираи ин ниҳодро фароҳам меорад. Ба дӯши созмон, ҳамчунин таҳияи лоиҳаи барномаҳо ва стратегияҳои асосии рушд ва тавсеаи СҲШ гузошта шудааст.
Барои анҷоми чунин вазифаи фавқулода муҳими байналмилалӣ, Форуми СҲШ марказҳои таҳлилии кишварҳои узв ва шарикони созмонро бо ҳам муттаҳид намуда, ҳамасола ҳамчун як ҳамоиши бузурги таҳлилию коршиносӣ дидгоҳ ва таҷрибаи кишварҳои созмонро баррасӣ ва ҷамъбаст менамояд.
Ҷаласаи XI Форуми Созмони ҳамкории Шанхай ду рӯз идома меёбад.

Апрель 28, 2016 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард