Обама: Британияи Кабир ва ИМА дар мубориза бо ДИ бояд қатъӣ бошанд
Душанбе, 22.04.2016 / АМИТ «Ховар» /. Британияи Кабир ва ИМА дар мубориза бо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бояд қатъӣ ва дар ҳалли низоъҳои Шарқи Наздик саҳмгузор бошанд. Дар ин бора президенти ИМА дар мақолаи худ, ки рӯзи панҷшанбе дар рӯзномаи «Daily Telegraph» нашр гардид, навиштааст.
«Мо бояд дар кӯшишҳои худ барои пешгирии амалҳои террористӣ бар зидди мардумамон қатъӣ ва мутобиқ бошем ва барои рафъи таҳдидҳои ДИ ва пурра нест кардани он муваффақиятҳоямонро вусъат диҳем. Мо бояд дар ҳалли низоъҳои Шарқи Наздик — аз Яман то Сурия ва Либия саҳмгузор бошем, чунки дурнамои баланд бардоштани субот ба он вобаста аст. Мо бояд минбаъд низ сармоягузориро ба НАТО идома диҳем, то ки уҳдадориҳои байналмилалии худро аз Афғонистон ба баҳри Эгей иҷро намоем».-навиштааст ӯ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






