Огоҳии ҷавонон аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва савдои одамон
Душанбе, 01.04.2016.(АМИТ Ховар).- Беш аз 10 ҳазор ҷавонони вилояти Суғд огоҳии худро дар масъалаи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва савдои одамон дар доираи як силсила чорабиниҳои иттилоотӣ, ки дар ноҳияи Ашт оғоз шуд, боло мебаранд.
Ин чорабиниҳо аз ҷониби Ассотсиатсияи Зан ва ҷомеа дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи USAID оид ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳо баргузор мегарданд. Лоиҳаи мазкурро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) амалӣ менамояд.
Силсилаи иборат аз се чорабинии иттилоотӣ бо номи «Ҳуқуқи худро бидон ва аз савдои одамон худро эмин дор» ҷавонони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуровро бо мушкили савдои одамон дар Тоҷикистон ва василаҳои маъмултарини фиреби одамон барои истисмори баъдии корӣ ва шаҳвонӣ шинос карда, доир ба роҳҳои эмин нигаҳ доштани худ ва оилаву дӯстон аз занҷираҳои макри ҷинояткорон маълумот медиҳад.
Муяссара Бобохонова аз Ассотсиатсияи «Зан ва ҷомеа» мегӯяд, ки бештар ҷавононе, ки сатҳи донишашон паст аст, аз хатари гирифторӣ ба савдо ва истисмор осебпазиранд, чунки онҳо доир ба шароити кору зиндагӣ ва қонунҳо дар кишвари бегона маълумоти кофӣ надоранд, ҳуқуқи худро ба қадри имкон намедонанд ва худро қонунан ҳимоя карда наметавонанд. Ҳамчунин ба сабабе, ки таҷрибаи кору зиндагӣ берун аз шаҳри худро надоранд, ҳадафи осони ҷинояткорон мегарданд. Чорабиниҳои иттилоотии мо,- афзуд Муяссара Бобохонова,- махсусан барои онҳое равона шудаанд, ки ба қасди корҷӯӣ ба хориҷа сафар доранд, то онҳо доир ба ҷанбаи ҳуқуқии масъала ва хатарҳои эҳтимолии пешниҳодҳои шубҳаовари кор маълумот гиранд.
Дар ҷараёни чорабиниҳо, коршиносони Ассосиатсияи «Зан ва ҷомеа», СБМ ва сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ дар маҳалҳо ба ҷавонон доир ба пайомадҳои қабули пешниҳодҳои шубҳадори ҷойи кор маълумот медиҳанд, қиссаҳои воқеии қурбониёни савдои одамонро нақл мекунанд, озмунҳои гуногунро барои санҷиши сатҳи дониши ҷавонон ва баланд бардоштани огоҳияшон доир ба масъалаи мазкур мегузаронанд, инчунин варақаҳои иттилоотӣ тақсим мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






