Олимпиада барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия оғоз ёфт
Хуҷанд, 6.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи 5-умин ярмарка-намоиши байналмилалии Таҳсилоти россиягӣ. Душанбе 2016 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти нахустини намояндагони 8 мактаби олии Русия бо хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Чорабиниро сарвари маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ба мо дӯсти Федератсияи Русия сол то сол густариш ёфта, саҳми ин давлат дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассус торафт зиёд мешавад. Ҳамасола баргузории ярмарка- намоиши байналмилалии Таҳсилоти россиягӣ» шаҳодати ин гуфтаҳост.
Намояндагони донишгоҳҳои Русия тариқи видеонавор, буклету нашрияҳо муассисаҳои таълимии худро муаррифӣ намуданд.
Зимни мулоқот онҳо аз афзалиятҳои муассисаи худ, ба монанди хобгоҳ, пойгоҳи моддиву техникӣ ва шароити таълиму тадрис сухан намуда, зикр карданд, ки сол то сол шумораи донишҷӯёни тоҷик дар ин муассисаҳо зиёд мегардад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз олимпиада барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Олтой, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Уралск ва Донишгоҳи федералии Шарқи Дур доир мешавад.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд






