Омӯзиши кори иҷтимоӣ бо нашъамандон

Апрель 2, 2016 09:15

Душанбе, 2.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Коршиносон аз ташкилоти олмонии “Deutsche AIDS Hilfe” барои гурӯҳи кории миллии иборат аз 15 ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ аз ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маркази норкологӣ омӯзиши дурӯзаро оиди кори иҷтимоӣ бо нашъамандони ашадӣ гузарониданд.

Омӯзиши мазкур дар чаҳорчӯбаи марҳилаи шашуми Барномаи пешгирии паҳншавии нашъамандӣ  дар Осиёи Марказӣ (CADAP-6) дастгирӣ шудааст. Ин барнома аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, бо Консортсиум аз Недерландия, Ҷумҳурии Чехия, Полша ва Олмон амалӣ мешавад.

Барномаи пешгирии паҳншавии нашъамандӣ  дар Осиёи Марказӣ (CADAP-6) давомати сиёсати ИА ва ҳамкории дарозмӯҳлат бо шарикони Осиёи Марказӣ барои мусоидат ба минбаъд тақвият додани сиёсати миллии онҳо дар паст кардани талабот ба маводи нашъаовар мебошад.

Дар давоми омӯзиш, намояндагони ташкилотҳои иҷтимоӣ тарзу услубҳои амалии омӯзишро муайян карданд ва масоили таалуқ ба кори иҷтимоӣ ва офиятбахшии рӯҳиву иҷтимоии истеъмолкунандагони афюнро бо шиддат муҳокима намуданд. Дар тартибдиҳии дастурамал доир ба хизматрасониҳои дастгирикунанда ба одамоне, ки маводи нашъаоварро тариқи тазриқ қабул мекунанд, коршиносони маҳаллӣ хеле фаъол ҷалб хоҳанд шуд.

Дар солҳои 2016 ва 2017 коршиносони маҳаллӣ дар якқатор семинарҳо иштирок хоҳанд кард ва пас аз хатми ин семинарҳо ба онҳо сертификатҳои Донишгоҳи фанҳои амалии Франкфурт тақдим карда мешаванд. Баҳри минбаъд беҳтар кардани стандартҳои кори иҷтимоӣ бо истеъмолкунандагони афюн дар мувофиқа бо беҳтарин таҷрибаҳои ИА, коршиносони маҳаллӣ дар навбати худ ин омӯзишҳоро ба мутахассисони маҳаллӣ мегузаронанд.

Апрель 2, 2016 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид