Ошкор намудани якчанд далели дуздӣ

Апрель 16, 2016 10:54

Душанбе, 16.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони милитсия рӯзҳои охир чанд ҳодисаи дуздиро ошкор намуда, гумонбаронро дастгир намуданд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки сокини 40-солаи шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 18 феврали соли 2015, дар кӯчаи Ҳ. Ҳакимзода аз дохили мошини тамғаи «Опел-Астра», ки ба корхонаи ҶДММ «Таком» тааллуқ дорад, 2 адад телефони мобилии тамғаҳои «Самсунг-галакси-Грей-2» ва «Самсунг-галакси-Вайтс-1»-ро, ки арзиши умумиашон 3600 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни як чорабинии дигар шаҳрвандон: марди 40-сола ва зани 33-солаи шаҳри Душанбе бо гумонбарӣ дар ҷинояти дуздӣ дастгир гардиданд. Гумонбаршудагон моҳи феврали соли равон аз хонаи истиқоматии зани 34-солаи пойтахт «ноутбук»-ашро, ки 6500 сомонӣ арзиш дошт, дуздидаанд.
Ҳамин тариқ, фаъолияти гурӯҳи дигари дуздон ошкор карда шуд. Инҳо ҷавонони 20- 21-солаи шаҳри Душанбе ва ҷавони 18-солаи ноҳияи Рӯдакӣ будаанд, ки дар чанд далели дуздӣ гумонбар дониста мешаванд.
Гумонбаршудагон 26 марти соли равон аз дохили бинои истиқоматии сокини 41-солаи шаҳри Душанбе чархҳои мошини тамғаи «Опел-Астра»-и соҳибхонаро рабудаанд, ки арзиши умумии чархҳо 3950 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин муайян шуд, ки гурӯҳи мазкур 12 апрел ба нуқтаи букмекерии ҶДММ «Формула-Успеха», воқеъ дар шаҳри Душанбе пинҳонӣ даромада, аз дохили ҷевони оҳанин маблағи пулӣ дар ҳаҷми 7200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбат ба далелҳои мазкур бо моддаи 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Апрель 16, 2016 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид