Овози ман барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон!
Душанбе, 22.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Овози ман барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон!» -таҳти чунин унвон дар маконҳои сераҳолии чор ноҳияи пойтахт бо таъсиси гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъол ҳамоиши умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Он дар доираи омодагӣ ба маъракаи муҳими дарпешистода — раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсади асосии чорабинӣ расонидани моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ба раванди омодагӣ ба раъйпурсӣ мебошад.
Дар доираи ҳамоиш мизи мудаввар таҳти унвони «Аҳамияти арзишҳои конститутсионӣ дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон» доир гашт, ки дар он нақши бевоситаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷавонони фаъоли пойтахт дар арафаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба комиссияҳои раъйпурсӣ дар паҳн намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ, инчунин ба шаҳрвандон расонидани хабарномаҳо метавонанд кумаки амалӣ расонида, ба ин васила дар пешрафти ҳаёти сиёсии кишвар саҳми муносиби худро гузоранд.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






