Озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Диёри ваҳдатофаринам Тоҷикистон»

Апрель 28, 2016 17:11

Душанбе, 28.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо  мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва равнақи зиракии сиёсӣ дар ниҳоди насли ояндасози миллат Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтаринро дар мавзӯи «Диёри ваҳдатофаринам Тоҷикистон» эълон намудааст.
Мақсад аз озмун- ин расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишвар дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
Мақолаҳо барои иштирок дар озмуни мазкур то 25 майи соли равон қабул карда мешаванд.
Хоҳимандон метавонанд маълумоти бештарро бо суроғаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Варзишгарон 6, гиранд.
Телефон барои тамос  235 19 53; 90 406 60 74.

Апрель 28, 2016 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд