Пешвои миллат- намунаи ибрати хизмати давлатӣ
Душанбе, 27.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси ҷамъияти илмии курсантони факултаи 2-юми Академия «Ҳомии тартибот» ва иштироки донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон ва факултаи идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- намунаи ибрати хизмати давлатӣ» суҳбати мизи мудаввар баргузор шуд.
Дар ҷамъомад курсантону донишҷӯён дар мавзӯи «Ташаккули мактаби сиёсии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ», «Рушди падидаи хизмати давлатӣ дар партави паёмҳои Пешвои миллат», «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани фарҳанги экологии ҷавонон» сухан гуфта, дар атрофи мавзӯи «мизи мудаввар» мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Мақсади «мизи мудаввар» — бедор намудани ҳисси ватандории ҷавонону донишҷӯён, худшиносии миллӣ, пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи ҳомии сулҳу субот, Пешвои миллат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шинохти Пешвои миллат ҳамчун падидаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва кафили рушди босуботи ҷомеаи Тоҷикистон буд.
Иштирокдорони «мизи мудаввар» нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат дар байни давлатмардони таърихӣ бениҳоят бузург, таърихӣ ва сазовори қадршиносӣ дониста, иброз доштанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ хушнуд аз он ҳастанд, ки дар чунин шароити осуда кору таҳсил менамоянд.
Ҳамаи ин маҳз бо талошу заҳматҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






