«Равонбахш»- тавонбахши маъюбон
Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Соли дуюм аст, ки дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Дашти Гулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон «Равонбахш» фаъолият мекунад ва дар он то имрӯз 20 нафар мардону занони ҷисман осебдидаи деҳоти мазкурро бо кори доимӣ таъмин намудаанд.
Муассис ва роҳбари ташкилот сокини деҳаи мазкур, маъюби дараҷаи аввал Зайнулло Муродови 36 сола аст. Мавсуф 20 сол қабл дар як садамаи нохуши нақлиётӣ аз сутунмуҳра зарб хӯрда, аз ҳаракати пойҳои хеш абадан маҳрум мешавад.
З. Муродов баробари анҷоми корҳои эҷодӣ, инчунин барои ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолии ташкилот саъю талош меварзад. Бо дастгирии роҳбарияти ҷамоати деҳоти Дашти Гуло ва «Барномаи рушди Милали Муттаҳид дар минтақаи Кӯлоб» 16 адад дастгоҳҳои дарздӯзии замонавӣ дастрас карда, корхонаи дӯзандагӣ бунёд менамояд.
Имрӯз корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум машғул буда, дар он маъюбон, ки аксарашон ҷавондухтаронанд, таҷрибаи хуби истеҳсолӣ андӯхта, маҳсулоти хешро, ки аслан аз рахти хоб ва ҷиҳозҳои арӯсию домодӣ иборат аст, манзури сокинони ноҳияву минтақа менамоянд.
«Корхонаи мо дар як бинои муваққатӣ қарор дорад ва мақсад дорем, ки дар рӯзҳои наздик бо кумаку дастгирии ашхоси саховатманду сокинони худи деҳа сохтмони бинои корхонаро бо усули ҳашар шурӯъ намоем. Кӯшиш дорем, ки фаъолияти истеҳсолиамонро васеъ карда, бо ҳамин восита шахсони маъюбро ба кор ҷалб намоем. Барои амалӣ гаштани ин нияти нек ташкилот ба дастгирии мақомоти дахлдор ниёз дорад,- иброз намуд Зайнулло Муродов.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






