Роғун: омодагиҳо барои таъмини иштироки фаъолонаи раъйдиҳандагон
Роғун, 14.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори шуъбаи фарҳанги шаҳри Роғун бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти масъулини Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии № 6- и шаҳри Роғун ва гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо собиқадорону кормандони ташкилоту муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонон доир гардид.
Дар он раиси Комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ Ҷурахон Мусоев ва муовини раиси шаҳр оид ба муҳтавои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки дар сатҳи баланд гузаронидани раъйпурсӣ аз иштироки фаъолонаи раъйдиҳандагон ва ҷавононе, ки бори аввал дар райъпурсии умумихалқӣ иштирок мекунанд, вобастагӣ дорад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар 3 ҷамоати шаҳраку деҳот 21 участкаи раъйпурсӣ таъсис дода шуда, то имрӯз 21 ҳазору 60 нафар раъйдиҳанда муайян гардидааст, ки барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ин маъракаи сиёсӣ аз ҷониби масъулин шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Мувофиқи нақшаи тақвимии Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии № 6 ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои зиёд гардидани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар раъйпурсӣ чунин вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ баргузор мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






