Сафарбарии 433 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия ва Қазоқистон
Душанбе, 12.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. 433 муҳоҷири меҳнатӣ ба Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар шуданд. Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз 9 то 11 апрел дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд сафарбарии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд ба роҳ монда шуд.
Аз ҷумла, ҶДММ “Роҳи Абрешим” 167 нафар, ҶДММ “Иттиҳодияи автовокзалҳо” 107 нафар, ҶДММ “Сомонэкспрестранс” 70 нафар, Филиали ҶДММ “Суғдиён Помир тур” 24 нафар ва ҶСК “Нақлиёт” 15 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Русия равон карданд.
Бино ба иттилои сарчашма, муҳоҷирони меҳнатӣ асосан минтақаи Сибир — шаҳрҳои Сургут, Новосибирск, Красноярск, Ижевск, Нефтеюганск ва Новокузнетскро интихоб намуданд. Аз шумораи умумӣ 24 нафар муҳоҷиронро филиали ҶДММ “Суғдиён Помир тур” ба Қазоқистон сафарбар намуд. Дар маросими гусел муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони Раёсат бо маводи ташвиқотию тарғиботӣ таъмин гардида, бо қоидаҳои муҳоҷирати бехатар шинос шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






