«СASA-1000» чӣ манфиат дорад?

Апрель 14, 2016 16:06

Лоиҳаи  «СASA-1000» яке аз лоиҳаҳои  бузургтарини муштараки  Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон буда, барои кишварҳои ширкатдор як қатор  манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ хоҳад овард.  Ин лоиҳа норасоии неруи барқро коҳиш дода,  дар  корҳои тиҷоратии кишварҳои шарик манфиат ва ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд хоҳад овард.

«СASA-1000» якумин лоиҳаи минтақавӣ ба ҳисоб рафта, Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ пайваст месозад.

Барои Тоҷикистон  ва Қирғизистон ин имконияти воқеӣ бобати содироти неруи барқи изофагӣ дар  фасли тобистон ва дастрас намудани даромади воқеӣ аз чунин содирот  мебошад.

Барои  Покистон ва Афғонистон бошад,  ин қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёташон  бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб меёбад.

Вобаста ба маҷрои дарёи Вахш истеҳсоли неруи барқ аз 3 то 8 млрд кВ/соат арзёбӣ карда мешавад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «СASA-1000» Тоҷикистон тақрибан 3 млрд кВ/с неруи барқро метавонад ба дигар кишварҳо содир намояд.

Тибқи нақшаи пешакӣ соли 2018 таҳвили неруи барқ тавассути ин тарҳ оғоз меёбад.

Апрель 14, 2016 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд